Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар соли 2022 ба 3 млрд 186 млн. доллари амрикоӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли гузашта 140,8 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 2 млрд. 99,5 млн. долларро ташкил дода, содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 1 млрд. 86,2 млн. доллар расонида шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ 1,7 баробар зиёд мебошад.
Дар ин давра содироти маъдан ва консентрат ба маблағи 729,1 млн. доллар ба роҳ монда шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 31 ҳазору 517 тонна афзоиш ёфта, дар соли ҷорӣ 722 ҳазору 594 тонна семент ба маблағи 22,3 млн. доллар содирот шудааст. Содироти нахи пахта 84,4 млн. долларро ташкил намудааст.