
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, роҳбарияти шаҳр, муовинони раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ва фаъолони хоҷагии халқи шаҳр оид ба натиҷаи фаъолият дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли равон гузориш дода, таъкид кард, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 738,9 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 115,4 фоизро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба маблағи 213,6 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26,3 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.






