
Дар ифтитоҳи курси омӯзишии мазкур Қурбонзода Ҳилолбӣ- раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Дилноза- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азимӣ Зайнура- муовини Раиси вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки курси омӯзишии мазкур санаҳои 11-14 июли соли ҷорӣ идома ёфта, дар он 20 нафар занону бонувони дар захираи кадрҳобудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷалб гардиданд.
Дар фарҷом ба шунавандагони курси омӯзишӣ Гувоҳномаи хатм супорида мешавад.






