
Дар ноҳияи Мастчоҳ 4 адад лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд. Маблағҳои умумии дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар ноҳия азхудшуда 1 млн. 403 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Дар ин бора муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода зимни баргузории иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иттилоъ дод.
Вобаста ба ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар – рушди босуръати саноатикунонӣ таъкид гардид, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2023 ба маблағи 429 млн. 180 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 162 млн. сомонӣ зиёд буда, 160,6 фоизро дарбар мегирад.
Дилшод Зокирзода доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ маҳсулоти умумии соҳаи кишоварзӣ ба 1 млрд. 452 млн. 556 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин рақам 135,8 фоизи ҳамин давраи соли 2022-ро ташкил медиҳад.




Кишоварзони вилояти Суғд таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд.
