Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи сохтмончиён чорабинӣ доир гардид.
Бунёдгарони Суғдзаминро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шахсан Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода бо фарорасии Рӯзи сохтмончиён табрик гуфта, аз саҳми онҳо дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ ёдовар шуд.
Дар маҷлиси тантанавӣ ҳамчунин раиси Ассотсиатсияи сохтмончиёни вилояти Суғд Мирзомӯъмин Бобоев баромад карда, сохтмончиёнро бо иди касбӣ шодбош гуфт.
Дар вазъияти тантанавӣ ба пешқадамони соҳа, хоса муҳандисону технологҳои сохтмон, масъулони лабораторияи сохтмон, хиштчину андовагар, бетонрезу лоиҳакашони сохтмон барои меҳнати софдилона Сипосномаи Раиси вилояти Суғд ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супооида шуд.



Имсол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар 4449 гектар кишти такрории зироатҳо ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 9 август 2700 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати деҳоти Деҳмой иттилоъ дода шуд.

