Давоми 9 моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18 миллиарду 158,1 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 107,5 фоиз таъмин гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023-юм 982,0 ҳазор тонна семент ва 1 миллиону 107,9 тонна ангишт истеҳсол шудааст.
Дар ин давра ба миқдори 219,0 ҳазор тонна орд, 2999,6 тонна равғани растанӣ, 27 ҳазору 542,3 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 33 ҳазору 635,3 қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 11 миллиону 275,7 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 121,3 фоиз, равғани растанӣ 95,7 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 85,0 фоиз, консерваҳо 123,6 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 131,8 фоизро ташкил медиҳад.



Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар шаҳри Хуҷанд барои сармутахассисон-сармуҳосибони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯйи барномаи “Сиёсати молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт” курси сайёри такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.
