
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо мақсади қадришносӣ аз заҳмату талошҳои пайгиронаи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров, ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ва амри раиси вилояти Суғд аз 17 январи соли 2023, №15 санаи 19-декабри соли ҷорӣ дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон бахшида ба 115 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Эҳтироми Бобоҷон Ғафуров – эҳтироми миллати тоҷик аст” баргузор гардид.
Қабл аз оғози конференсия иштирокдорон аз намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар осори таърихӣ боздид ба амал оварданд.
Дар кори конференсия раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нўъмонҷон Усмонзода, директори Институти илмӣ - тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои таърих, дотсентони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарифов ва Ҷўрабек Исомитдинов ва ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ширкат намуданд.



Дар деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент майдончаи варзишӣ барои футболи хурд сохта ба истифода дода шуд.

