Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Дар асоси мувофиқаи бадастомада аз 17 то 23 декабри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 11,88 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд.

Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.

Кишоварзони вилояти Суғд ба маблағи 16 миллиарду 944 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Кишоварзони вилояти Суғд таъмини рушди соҳа  тадбирҳои судманд андешиданд.

Дар натиҷа ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 16944,2 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ба 115,0 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2022 баробар мебошад.

Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 12439,6 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 4504,5 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 17,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 116,1 фоиз, 112,0 ва 131,4 фоиз таъмин гардидааст.

Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ 104,4 фоиз таъмин гардид

Дар вилояти Суғд нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 11 моҳи соли 2023 ба андозаи 104,4  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3879,3 млн. сомонӣ  ворид карда шуд, ки аз нақша 164,9 млн. сомонӣ зиёд аст.     

Дар 11 моҳи соли 2023 ба буҷети маҳаллии вилоят 2601,4 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид ва барзиёдиҷрошавӣ 71,6 млн. сомониро ташкил дода, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ  102,8 фоиз таъмин карда шуд.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 2527,97 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 2523,0 млн. сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 99,8 фоизи нақша мебошад.    

Баробари ин, чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 1228,8 млн. сомонӣ, тандурустӣ  590,5 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  25,5 млн. сомонӣ,  фарҳангу варзиш 231,6 млн. сомонӣ, дар маҷмӯъ, 2076,4 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 82,3 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш