Вусъати корҳои ободонӣ дар шаҳри Бӯстон

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ бомаром ҷараён дорад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун, мумфаршкуниву чароғонкунии кӯчаҳо, бунёди манзилҳои истиқоматӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва дигар тадбирҳо бомаром идома дорад.

Дар Мастчоҳ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ мулоқот доир шуд

16 август дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо аҳли зиё, имомхатибон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия доир гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳия дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ ва ҷараёни салафия дар қаламрави вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷаласаро раиси ноҳия Аъзам Ализода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ, мураккаб гардидани авзои сиёсии минтақа, пос доштани арзишҳои миллию маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ - сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан амри зарурӣ мебошад.

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”

16 август​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ бо корҳои азнавбарқароркунии корхонаи​ гидрометаллургии​ КВД​ “Фулузоти нодири Тоҷикистон” шинос гардид.​

Тавре маълумот дода шуд, тибқи дастуру супоришҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳаи саноат ва саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат иқтидорҳои мавҷуда мақсаднок истифода бурда мешавад. Роҳбарияти​ КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” тасмим гирифтааст, ки​ бо ворид намудани хатҳои нави истеҳсолӣ фаъолияти​ корхонаи металлургиро беҳтар намояд.

Раиси вилоят иқдоми масъулинро хуш истиқбол намуда, барои суръатбахшии корҳо ва ба ободонӣ фаро гирифтани ҳудуди корхона супоришҳо дод.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш