Дар Истаравшан 2200 нафар бо оби нӯшокӣ таъмин гардид

29 марти соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва идомаи чорабиниҳои ҷашни Наврӯз дар кумитаи маҳаллаи “Дилкушо”-и шаҳри Истаравшан хати оби нушокӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Боиси зикр аст, ки маҳаллаи мазкур дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд гардида, сокинонаш аз норасогии оби нушокӣ танқисӣ мекашиданд.

Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд қубур ва обченкунакҳо насб карда шуда, бо ташаббуси бевоситаи сокинон ва соҳибкорони маҳаллаи “Дилкушо” бо харҷи бештар аз 700 ҳазор сомонӣ чоҳи амудӣ бунёд ва ба масофаи 4,5 км хати оби нушокӣ кашида шуд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани хати оби нушокӣ зиёда аз 2200 нафар аҳолӣ бо оби нушокӣ таъмин гардид.

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» доир мегардад

Аз 3 то 10 апрели соли 2023 дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукуҳӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд» гузаронида мешавад. Дар ин бора аз маъмурияти китобхона хабар доданд.

Дар доираи фестивали мазкур гузаронидани чорабиниҳо ба истиқболи 145-солагии устод Садриддин Айнӣ, 95-солагии Гулчеҳра Сулаймонӣ, 100-солагии Аминҷон Шукуҳӣ, 90-солагии Озод Аминзода, намоиши китобу матбуот, мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли адаб, маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ», «Ҳофизхонӣ» ба нақша гирифта шудааст.

Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов кишти пахта ҷараён дорад

27 марти соли 2023 раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ ва муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва дигар мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар маъракаи кишти пахта ширкат варзида, бо пирони рӯзгор ва масъулини соҳаи кишоварзӣ суҳбат намуданд.

Бо дуои пирони рӯзгор дар хоҷагии деҳқонии «Яккатут» ба кишти пахта оғоз бахшида шуд. Имсол дар ин хоҷагӣ дар майдони наздик 50 гектар пахта кишт карда шуда, аҳли заҳмати хоҷагӣ бо ҳавасмандии зиёд ва умед ба ҳосили фаровон дар замин меҳнат мекунанд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш