Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии "САТН" ва "Ҷавонӣ"

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти корхонаҳои саноатии «САТН» ва «Ҷавонӣ» шинос гардид.

Рушди соҳаи саноат, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, фаъолсозии корхонаҳои хурду бузург, то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани шаҳрвандон аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин самт дар вилояти Суғд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Зимни шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти кунунии ҶДММ «САТН» иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур яке аз бузургтаринҳо дар вилоят аст ва ашёи хоми ватанӣ - пахтаро мавриди коркард қарор дода, аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол менамояд. Корхона дар шарикӣ бо сармоягузорони Италия фаъолияти босамар дошта, аз корхонаҳои фаъоли нассоҷӣ ба ҳисоб меравад. Корхона доро сехҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор, коркарди матоъ, дӯзандагӣ, шустушӯй ва дарзмолкунӣ иборат буда, тамоми раванди истеҳсолот риоя ва ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда аҳмияти хоса дода мешавад. Дар корхона наздик 600 нафар сокинон ба кор ҷалб гардида, вобаста ба кору фаъолият, тахассуснокӣ ва таъмини нақша аз 2000 то 8000 сомонӣ маош мегиранд.

Дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент маркази саломатӣ ва маркази дандонпизишкӣ ба истифода дода шуд

Дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бинои Маркази саломатӣ баъди таъмиру таҷдид, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории шарикони рушд сурат гирифт, мариди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, бино барои пазироӣ ва табобати аҳолӣ ҳамаи шароити зарурӣ, ҳуҷраҳои бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳазро доро буда, 17 нафар кормандони тиббӣ он ҷо фаъолият мебаранд.

Ҳамчунин дар деҳа нахустин табобатгоҳи дандонпизишкии хусусӣ бо номи "Табассум", ки аз ҷониби соҳибкор ва дандонпизишк Баҳодур Норов бо харҷи 600 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст,ба кор шурӯъ намуд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат бо интихобкунандагон мулоқот менамоянд

Аз 9 то 18 январ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон баргузор мегардад. 

Мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сурат гирифта, зимни вохӯриҳо вакилон нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти мамлакатро шарҳ медиҳанд.

Чунин як мулоқот бо ҳузури вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Мазбут Бойҷонов бо интихобкунандагон дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш