Қадршиносии ғолибони​ озмуни вилоятии "Кайҳон аз нигоҳи ман"

Дар Боғи фарҳангию фароғатии Абумаҳмуди Хуҷандии маркази вил­оят​ озмуни вилоятии "Кайҳон аз нигоҳи ман" ташкил ва баргуз­ор гардид.

Озмуни мазкур дар до­ираи иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатш­иносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму мао­риф" роҳандозӣ карда шуда, бахшида ба "Р­ӯзи кайҳоннавардӣ" ва "100 - солагии таъ­сиси нахустин Планет­арий дар олам" гузар­онида шуд.

Дар даври вилоятии озмун беш аз 300 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томакта­бӣ ва хонандагони му­ассисаҳои таълимӣ аз 16 шаҳру ноҳияи вил­оят ширкат намуданд.​

Озмун тибқи низомнома аз руи 4 шарт​ ​ —​ тасвирофарӣ дар рӯи мумфарш, расмкашӣ ва тасвирофарӣ, таҳи­яи газетаи девории беҳтарин ва ихтироъко­риву навоварӣ гузаро­нида шуда, дар доираи озмун беш аз 500 расми гуногун аз ҷумла тасвири кайҳон, са­йёраҳо, илми афлок, наздики 50 газетаи деворӣ, 70 лоиҳаи ихт­ироъкориву навоварӣ, 25 расми рӯи мумфарш ва 30 адад кори да­стӣ аз ҳунарҳои мард­умӣ бо нигориши мавз­уи чорабинӣ омода шу­да, ба ҳайяти ҳакамон муаррифӣ карда шуд.

Баррасии масъалаҳои муҳим дар ҷаласаи​ Шӯрои ҷамъиятии вилоя­т​

Дар маҷлисгоҳи Кохи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоят бо иштироки аъзои Шӯро, ваколатдори Раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятӣ, муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят баргузор гардид.

Тибқи Низомномаи Шӯро, ҷаласаро раиси созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён раисӣ намуд. Дар ҷаласаи Шӯро рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27‐уми июли соли 2016, №329 “Дар бораи Барномаи татбиқи консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳо, коркарди маъдани уран барои солҳои 2016‐2024” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30‐юми июли соли 2020, №431 “Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 20202024” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ҲАДАФ — МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо донишҷӯён мулоқот доир гардид

12 апрел ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ​ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир карда шуд.

Зимни мулоқот вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар байни ҷавонон сухан гуфта шуд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш