Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Шаби 29 ба 30 августи соли ҷорӣ се нафар аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, хати сарҳади Афғонистону Тоҷикистонро дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба таври ғайриқонунӣ вайрон намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Далели мазкур саривақт аз тарафи сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ошкор гардида, гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.

Қаламрави масири ҳаракати террористон дар минтақаи наздисарҳадӣ иҳота ва зери назорат гирифта шуд.

Бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона доир мешавад

Рӯзҳои 8 ва 9 сентябр бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона баргузор мегардад.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Куҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Панҷакент, Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Шаҳристон чорабиниҳои идона доир гардида, бошандагони мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

ХУШТАР ЗИ КИТОБ ДАР ҶАҲОН ЁРЕ НЕСТ! - таҷлили Рӯзи китоб дар шаҳри Бӯстон

4 сентябр дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ба муносибати Рӯзи китоб ҷамъомад доир гардид.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои дастгирии ҳамешагии аҳли илму маърифат, нашри осори гаронбаҳои олимону донишмандон, ҷалби бештари  ҷомеа ба китобхонӣ ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати маърифати аҳолӣ таваҷҷуҳ равона гардида истодааст.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш