Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта шинос гардид.
Имсол пахтакорони ноҳияи Спитамен тасмим доранд, ки 14 ҳазору 600 тонна пахта истеҳсол намуда, дар ғанисозии хирмани пурбор саҳми арзанда гузоранд. Бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ заркорон ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, самараи меҳнати худро ба даст меоранд.
Раиси вилоят зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ғунучини пахта саҳм гузошта, бо кишоварзону чинакчиён барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани пахта тавсияҳо дод. Тазаккур дода шуд, ки барои қадршиносии меҳнати пахтакорон мусобиқаи меҳнатӣ ташкил шудааст ва ҳар ноҳияе, ки дар бистрӯзаи аввали пахтачинӣ пешсаф аст, бо мукофотпулӣ сарфароз гардонда мешавад.



19 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардид.
Моҳи сентябр бо кормандони беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия-кафили рушди соҳаи тандурустӣ» суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
