Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар маҷлиси фаъолон зикр гардид, ки дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷонӣ 2593 меҳмонони хориҷӣ ва 24524 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 27117 нафар истироҳат намуданд.
Ҳаҷми маблағи воридшуда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 32,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.



Дар шаҳри Хуҷанд барои сармутахассисон-сармуҳосибони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯйи барномаи “Сиёсати молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт” курси сайёри такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.
Дар асоси ҷадвали баргузории мулоқоту вохўриҳои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 4 октябри соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент бо устодону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва фаъолони шаҳри Панҷакент оид ба риояи ҳатмии талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳамчунин, пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ, ҳодисаҳои номатлуб байни занону духтарон, вайроншавии оилаҳои ҷавон, ҷалби занону духтарони хонашин ба ҳунаромўзӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва одобу ахлоқи ҳамида мулоқоти озоду судманд баргузор гардид.
