Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз наздик шинос гардида, ҷиҳати иҷрои сарвақтиву босифати корҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилоят аз ҷумла бо сохтмони коргоҳи истеҳсоли зарфҳои яккаратаи ҶДММ “Муосирпласт”, коргоҳи истеҳсоли орди ҶДММ “Орди фатир”, коргоҳи истеҳсоли асбобҳои рӯзгори ҶДММ “Саноатикунонӣ”, коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти гармидиҳии ҶДММ “Титан 8888” шинос шуд.

Корхонаи нави истеҳсолии ҶДММ “Муосирпласт” дар масоҳати умумии 4 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, асосан барои истеҳсоли зарфҳои яккарата пешбинӣ гардидааст. Бо ин мақсад дастгоҳҳои муосир аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид гардида, бо ҷалби мутахассисони чинӣ васлу насб карда мешавад.

Шиносоӣ бо сохтмон ва фаъолияти корхонаҳо дар Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти сохтмони корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ «Сирдарё» шинос гардид.

Корхонаи равғанбарорӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он ҳаҷми истеҳсоли равған зиёд карда мешавад. Тавре мушоҳида шуд, айни замон 80 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, барои роҳандозии истеҳсолот техналогияҳои замонавӣ аз Олмону Туркия ва Чин ворид карда шудааст.

Тибқи лоиҳа дар корхона зиёда аз 100 нафар бо ҷои корӣ таъмин хоҳанд шуд ва бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ таъмин мешавад.

Барои даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 708 250 сомонӣ ҷудо карда шуд

Соли ҷорӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 708 250 сомонӣ ҷудо карда шуд. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо доир мешавад.

Даври вилоятии озмун нимаи дуюми моҳи сентябр дар Мактаб барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Хуҷанд ва Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон гузаронида мешавад.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш