Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ: 3865 нафар бекорон бо кор таъмин шуданд

Дар соли 2023 бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 295 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Шермуҳаммад Нодирӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Тавассути ярмаркаҳо 3865 нафар бекорон бо кор таъмин гардида, 2403 нафар ба касбомўзӣ ва 538 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар карда шудаанд.

Ҳамзамон, ба 751 нафар шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши соҳибкорӣ намуданро доштанд, 2 миллиону 907 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Аз ҷумла, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба 213 нафар 842 ҳазор сомонӣ қарз пешниҳод гардидааст.

Дар ДДҲБСТ 21 донишҷӯи эҳтиёҷманд аз пардохти маблағи таҳсил озод шуд

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани донишҷӯёни ниёзманд тадбирҳои амалӣ меандешад. Бахусус 21 донишҷӯи эҳтиёҷманд, ки дар шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод шуда, дар арафаи иду ҷашнҳо бо кумаки яквақтаи пулӣ таъмин мешаванд. Дар ин бора ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ҳамчунин ректори донишгоҳ иброз дошт, ки дар таърихи навини давлатдориамон, дар давраи зиёда аз 30 соли соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон илҳоми тоза бахшида шуд.

Дар ин давра таҳким бахшидани заминаҳои моддию техникии раванди таълим ба ҷорӣ намудани ихтисосҳои наву замонавӣ мусоидат намуд. Ҳоло дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр аз рӯи 40 ихтисос, магистратура 12 ихтисос ва докторантура (PhD) 12 ихтисос таҳсил амалӣ мешавад. Ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ машғулият дар 20 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, 9 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ гузаронида мешавад.

Мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо кормандони идораи нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд

Дар толори идораи нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони ин мақомот мулоқоти Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ баргузор гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагон вобаста ба муҳтаво ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ва санадҳои нави ин мақоми олии қонунбарор бо интихобкунандагон маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш зикр намуданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш