Дар толори Кохи «Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рўзи забони давлатӣ ба самъи ҳозирин раоснида шуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Забон дар ҳама давру замон ҳамчун ойинаи таърих, дунёи маънавӣ ва хиради халқу миллатро дар худ таҷассум намуда, дар шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ, боло рафтани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа, таҳким бахшидани пояҳои давлату давлатдорӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани миллат нақши арзанда мегузорад.



Бо як ҷаҳон эҳтирому самимият ва ифтихору сарбаландии бепоён ва бо шукргузорӣ аз фардои дурахшони Ватани маҳбубамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо фарорасии санаи муборак ва фархундаи умр, ҷашни зодрўзи хуҷаста аз таҳти дил табрику муборакбод менамоем.
Дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ нақшаи даъват дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара барзиёд таъмин гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.
