14 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони вилоят дидан карда, бо вазъи соҳа ва дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус намоиши картошка 14 шаҳру ноҳияи кишоварзии вилояти Суғд иштирок карданд.
Дар намоиш аз ҷониби кишоварзони вилоят зиёда аз 10 навъи картошка, инчунин зиёда аз 30 намуд хӯрокаҳо аз картошка омодашуда пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, дар намоишгоҳ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо бо тарҳи зебо маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, полезӣ, мевагӣ, хушкмеваҳо, банду басти хушкмеваҳо ва афшураҳо муаррифӣ карда шуд.



14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз сардхонаҳои Боғи миллии “Ваҳдат” боздид намуданд.
Имрӯз, 14-уми ноябри соли 2023 бо ибтикори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар толори Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба 115-солагии зодрўзи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи байналмилалӣ зери унвони “Масъалаҳои мубрами таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.
