Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар нуҳ моҳи соли 2023 ба 2 миллиарду 43,1 млн. доллари ИМА расонида шуда, ҳаҷми воридот 1 миллиарду 473,1 млн. доллар ва содирот 570 млн. долларро ташкил намудаст.
Дар 9 моҳи соли 2023 ҳамагӣ 195 ҳазору 927 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 289,7 млн. доллар, 413 ҳазору 948 тонна семент ба маблағи 13,15 млн. доллар ва 27 ҳазору 908 тонна нахи пахта ба маблағи 49,7 млн. доллари ИМА содирот шудааст.
Дар натиҷаи татбиқи ҳадафмандонаи саноатикунонии босуръати кишвар дар вилоят нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи саноати нассоҷӣ беҳтар гардидааст, ки зиёдшавии ҳаҷми содироти калобаи пахтагӣ ва либосворӣ аз он дарак медиҳад. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 8,4 млн. доллари ИМА 3 ҳазору 403 тонна калоба ва ба маблағи 18,7 млн. доллар 1 ҳазору 189 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 6,8 млн. доллар ва 1,85 млн. долларро ташкил намудааст.