Суғд: Баргузории озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин»

14 марти соли равон дар тарабхонаи «Яккасарой»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.

Дар озмун ғолибони даври аввал аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи бахшҳои зерин ширкат варзиданд:

-ороиши дастархон, доштани малакаи дурусти истифода ва гузоштани зарфҳои болои миз;

-омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ (пешин) ва шом;

-пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таом, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо;

-маҳорати пухтани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир;

Устодони Донишгоҳи давлатии Фарғона - меҳмони маҳфили «Ганҷи сухан»

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки адибону олимони маъруфи тоҷик, меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, устодону донишҷӯён, ихлосамандони адабиёт ва фарҳанг нишасти  207-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” баргузор шуд.

Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Ҳини суханронии худ иброз дошт, ки дар нишасти навбатӣ меҳмонон аз Донишгоҳи давлатии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва олимони маъруф аз маркази кишвари азизамон — шаҳри Душанбе ҳузур доранд.

Озмуни вилоятии "Бозиҳои миллӣ" доир гардид

Бо мақсади эҳё намудани бозиҳои миллии ниёгон ва ба истиқболи Иди Наврӯзи байналмиллалӣ 12 марти соли 2023 дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр» - и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо номи академик Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» ташкил ва баргузор карда шуд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар даври вилоятии озмун хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов  иштирок намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастгардида  ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш