Баргузории озмуни "Тоҷикон"-оинаи таърихи миллат" дар Истаравшан

6-уми июни соли равон дар Гимназияи рақами 4-и шаҳри Истаравшан маросими ифтитоҳии даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат" баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳии Озмун муовини раиси шаҳри Истаравшан, раиси даври шаҳрии Озмун Фирӯза Муъминзода, сардори раёсати маорифи шаҳр Сулҳиддин Иномбоев, хонандагону омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок доштанд.

Доир ба иқдомот ва ташаббусҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати манавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан рафта, баён шуд, ки иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи соли 2023 баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ба ифтихори 115-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров идомаи мантиқии ташаббус, таваҷҷӯҳи Сарвари давлат дар амри арҷгузори таърихи пурифтихори миллат, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи фидокориҳои фарзандони шоистаи халқи тоҷик дар дарозои таърих, таҳкими ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ, ҳофизаи таърихӣ, эҳтиром ва арҷгузории поси хотири фарзанди фарзонаи миллат, аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Маросими савгандёдкунии наваскарон дар шаҳри Гулистон

Дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими савгандёдкунии навдаъватшавандагон баргузор гардид. 

Дар маросими мазкур роҳбариятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, шаҳри Гулистон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсони масъули қисми низомӣ, волидайни наваскарон, донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Маросими савгандёдкунии наваскарон бо пешниҳоди гузориш ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар фазои тантанавӣ наваскарони қисми ҳарбӣ савганди садоқат ба халқу Ватанро қабул намуданд.

Дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид

5 июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо оид ба муборизаи дастҷамъона бар зидди хатарҳои замони муосир: терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин тақвият бахшидани ҳамкории минбаъдаи мақомоти корҳои дохилии ҳар ду мамлакат барои боздошти ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда, истифода аз малакаи касбии сохторҳои ташхиси криминалистӣ, тафтишоту таҳқиқ, хадамоту дастгоҳҳои фаврӣ ва алоқа баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пешгирӣ аз ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои замони муосир содир мешаванд, аз ҷумла азонихудкунии маблағҳо, бо роҳи тасарруфи маблағҳои электронии пулӣ, маблағгузорӣ ба шабакаҳои экстремистиву террористӣ аз мавзуъҳое буданд, ки ҳайати ду ҷониб барои ҳалли онҳо таваҷҷуҳ намуданд. Тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бо истифода аз имкониятҳои муассисаҳои олии таълимии ВКД Федератсияи Русия низ дар рафти мушовара баррасӣ гардид.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш