2 апрели соли 2023 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як гурӯҳ ҷавонони синни даъватӣ, ки ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шудаанд, барои адои қарзи фарзандӣ дар назди Модар— Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.
Тантанаи гусели наваскарон дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сурат гирифта, дар он роҳбарияти ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва дигар масъулину фаъолон ширкат доштанд. Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло дар рафти гусели ҷавонон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки барои ҳар як ҷавон лозим аст, ки ин рисолати ҷавонмардии худро адо намояд.