Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора рӯзи 4 апрел қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Озмун бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ доир гардида, ғолибон бо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадр карда мешавад.