"Корвони китоб" дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ

1- 2 майи соли ҷорӣ корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 24-и “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №115 аз 3 апрели соли 2021 тасдиқ гардидааст, ҳамзамон ҷиҳати иҷрои фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили сафари “Корвони китоб” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд" ба шаҳри Панҷакент ворид гардид.

Ҳайати кории сафаркунандагони "Корвони китоб" таҳти роҳбарии директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» Содиқи Завқӣ дар назди бинои Кохи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент намоиши фурӯши китобро баргузор намуданд.

Дар ин ҳамоиш кормандони ҳамаи корхонаву муассисаҳо, муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ, Суди шаҳр, мақомоти андоз, фарҳангу маориф иштирок намуда, китоб харидорӣ карданд.

Суғд: Тренинги омӯзишӣ барои мураббиён ва машваратчиён

Дар асоси нақшаи муштараки шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят, раёсатҳои кор бо занон ва оилаи вилоят, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва ташкилотҳои ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» ва «Фонди рушди ҷомеа» ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №55 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мураббиён ва машваратчиён ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои омӯзишӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва муҳоҷирати бехатар машуғулият (тренинг) баргузор гардид.

Дар тренинг намояндагони воҳидҳои сохторӣ, аз ҷумла субъектҳои амаликунандаи Нақшаи миллӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Баргузории Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан»

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ва қарори Раиси вилоят аз 30 марти соли 2023, №105 «Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» ва бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, читгарӣ ва атласу адрасбофӣ дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд» Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд ба таври телевизионӣ гузаронида шуд. Фестивал аз рӯи шаш бахш, аз ҷумла,

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш