Баргузории мулоқот бо донишҷўён, хонандагон ва фаъолони шаҳри Панҷакент

Дар асоси ҷадвали баргузории мулоқоту вохўриҳои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 4 октябри соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент бо устодону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва фаъолони шаҳри Панҷакент оид ба риояи ҳатмии талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳамчунин, пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ, ҳодисаҳои номатлуб байни занону духтарон, вайроншавии оилаҳои ҷавон, ҷалби занону духтарони хонашин ба ҳунаромўзӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва одобу ахлоқи ҳамида мулоқоти озоду судманд баргузор гардид.

Дар мулоқот сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Гулнора Гадойбоева, директори Маркази илмию методии назди Раёсати маорифи вилоят Бахтиёр Сарҳадов, намояндаи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Зуфнуна Хоҷаева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Панҷакент Рўзимоҳ Шодиева иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Дар ноҳияи Мастчоҳ маркази хизматрасонии “Спитаменбонк” ба фаъолият оғоз кард

5 октябр дар  маркази  ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Бӯстон маркази хизматрасонии “Спитаменбонк” ба фаъолият шуруъ кард.

Дар маросими кушодашавии марказ роҳбарияти ноҳия, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, менеҷери минтақавии бонк дар вилояти Суғд Шодихон Саидов ва иҷрокунандаи вазифаи директори филиали бонк дар шаҳри Хуҷанд Ҷамшедҷон Каримов иштирок доштанд.

Маркази хизматрасонии бонкии “Спитаменбонк”  бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои хизматрасонии босифати мизоҷон бо роҳи пешниҳоди доираи васеи амалиётҳои бонкӣ, аз ҷумла бастани шартномаҳо барои пешниҳоди хизматрасонии бонкӣ, кушодани суратҳисобҳо, интиқоли маблағ, пешниҳоди қарзҳои дарозмуддату кутоҳмуддат бо фоизи паст ва пешниҳоди кортҳои пардохтӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон дар ин марказ 8 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд

Дар толори Кохи «Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рўзи забони давлатӣ ба самъи ҳозирин раоснида шуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Забон дар ҳама давру замон ҳамчун ойинаи таърих, дунёи маънавӣ ва хиради халқу миллатро дар худ таҷассум намуда, дар шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ, боло рафтани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа, таҳким бахшидани пояҳои давлату давлатдорӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани миллат нақши арзанда мегузорад.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш