Дар шаҳри Бӯстон мусобиқаи варзишии касбӣ-оташнишонӣ доир гардид

5-уми майи соли 2023 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар вилояти Суғд дар Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Бӯстон мусобиқаи вилоятии варзишии касбӣ-оташнишонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон миёни кормандони хадамоти оташнишонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд доир карда шуд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқа таъкид дошт, ки тӯли чанд соли охир миёни дастаҳои якачини Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбиятии кормандони соҳа мусобиқаҳои варзишӣ доир мегардад. Зеро рушди ҳамаҷонибаи варзиш таҳти таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо дастгириҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вилоят мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкилу баргузор мешаванд. Мусобиқаи имрӯза дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  доир мегардад.

Конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони "Ҷавонон - нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони "Ҷавонон - нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа" баргузор гардид.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода  ҳамаи курсантонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, малакаи баланди касбӣ ва бахту саодат орзу намуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонон, минбаъд низ бо ҳисси ватандустӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва рушди иқтисоди Ватан, хамчунин, таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Ман барои Ватанам –Тоҷикистон содиқона хизмат менамоям!

Дар толори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистон таҳти унвони «Ман барои Ватанам – Тоҷикистон содиқона хизмат менамоям!» чорабинии тантанавӣ гузаронида шуд.

Бо садо додани Суруди миллӣ ва ба толор даровардани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки 100 нафар хатмкунандаи донишкада бо амри дил барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намудаанд. 

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш