Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» бо боғдорон ҳамкорӣ менамояд

Дар​ Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» қабули мева дар мавсими имсола​ оғоз гардида, корхона метавонад аз боғодорон меваҳоро харидорӣ ва коркард намояд. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхона маълумот дода шуд.

Бино ба иттилои масъулин дар корхона коркарди мева ва истеҳсоли афшураҳои гуногун чанд сол аст, ки идома дошта, дар соли равон қабули мева оғоз гардидааст. Ҳамарӯза аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки иқлими нисбатан гарм дорад, зиёда аз 20 тонна зардолу қабул карда шуда, дар назар аст, ки соли равон 5 ҳазор тонна зардолу коркард гардад. Корхона имсол дар маҷмуъ беш аз 25 ҳазор тонна меваҳои гуногунро қабул ва коркард хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, боғдорони вилоят метавонанд барои ҳамкорӣ ба корхона муроҷиат намуда, меваҳои худро фурӯшанд.​ ​ ​

Татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муззами миллат дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ» аз калонтарин ва қадимтарин муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Суғд аст, ки 90 сол инҷониб дар тарбияи кадрҳои соҳаи тиб хизмат мерасонад.

Муассиса соли 1932 чун нахустин муассисаи миёнаи касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони зинаи миёнаи тиб ба фаъолият оғоз намуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.1999 ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ивази ном мекунад ва яке аз муассисаҳои таълимии соҳибмақом ва макони асосии тарбияи кадрҳои соҳибихтисос дар вилоят ба шумор меравад.

Бино ба иттилои директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода дар панҷ факултети коллеҷ мутахассисони маълумоти миёнаи тиб аз рӯи ихтисосҳои кори момодоягӣ, кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, кори тиббӣ — ташхисӣ, кори тиббӣ — офиятӣ ва кори тиббӣ — профилактикӣ омода карда мешаванд.

Оғози содироти пиёз ба Россия ва Қазоқистон

Содироти пиёз ба давлатҳои Россия ва Қазоқистон оғоз ёфт.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолияти марказҳои логистикӣ ба роҳ монда шуда, аз инҷо тариқи роҳи оҳан содироти пиёз идома дорад.

Дар марказҳои логистикӣ зиёда аз 1000 нафар занҳои хонашин ба кори мавсимӣ ҷалб гардида, ба банду басти пиёз машғул ҳастанд.

Пиёз ба марказҳои логистикии ноҳияи Ҷаббор Расулов асосан аз ноҳияҳои ҷануби кишвар оварда шуда, аз ҷониби соҳибкорони тоҷик содирот мегардад.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш