Дар ноҳияи Деваштич ҷамъоварии картошка идома дорад

Дар ноҳияи Деваштич дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона мегардад.

Сокинон ва деҳқонони ноҳия бо азхуд намудани заминҳои бекорхобида ва оёбрии заминҳои лалмӣ​ сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли картошкаро зиёд менамоянд. Соли ҷорӣ деҳқонони сарбаланди ноҳия нақша доранд, ки истеҳсоли картошкаро то ба 230 ҳазор тонна расонанд. То ин дам қисми бештари ҳосил ҷамъоварӣ шуда, дар минтақаҳое, ки нисбатан ҳаво сард аст, ҷамъоварии ҳосили картошка идома дорад. ​

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич​ аз намоиши дастранҷи деҳқонон ва раванди ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии «Шоҳон»​ боздид карда, ба фаъолияти кишоварзон​ баҳои баланд дод. Тавре мушоҳида гардид, дар аксари таҳхонаи манзилҳои истиқоматии сокинони ҷамоатҳои Ваҳдат ва ба номи Исмоили Сомонӣ картошка ва ҳам тухмии он захира карда шудааст.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи кормандони соҳаи молия

11 октябр ҷаласаи ҳайати мушовараи Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд натиҷаи фаъолият ва иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилоятро дар нўҳ моҳи соли 2023 баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки тибқи маълумоти омори давлатӣ дар ҷамъбасти нўҳ моҳи соли 2023 нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят ба 24472,7 млн. сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 108,2 фоиз баробар гардида, саҳми он дар маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 27,2 фоизро ташкил додааст.

Инчунин, рушди нишондиҳандаи мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 107,5 фоиз, кишоварзӣ 101,7 фоиз, гардиши савдои чакана 109,4 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ 103,6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 127,7 фоиз ва ғайра таъмин гардид.

Ташрифи варзишгарон барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ

Имрӯз гуруҳи аввалини варзишгарон ҷиҳати иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард.

Варзишгарони Ҷумҳурии Муғулистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи гӯштини камарбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

Ёдовар бояд шуд, ки қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ миёни наврасони 18-20 сола дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 13 ва 14 октябр баргузор мешавад.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш