
Дар шаҳри Хуҷанд миёни ширкати ватании "Нексигол Мушовир" ва ширкати байналмилалии "Sistema.bio" созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд, ки тибқи он аввалин маротиба дар Тоҷикистон технологияи биореактории истеҳсоли биогаз мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар зери созишномаи ҳамкорӣ Маҳинахон Сулеймонова, роҳбари ширкати "Нексигол Мушовир" ва Випин Кале, менеҷери калони лоиҳаҳои ширкати " Sistema.bio" имзо гузоштанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар давоми соли 2024 "Нексигол Мушовир" фаъолият оид ба “Таблиғоти биореакторҳо дар Тоҷикистон”-ро дар доираи Лоиҳаи “Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ” (MDRD), ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ ва аз ҷониби ACDI/VOCA иҷро мешавад, амалӣ менамояд.






