
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, эҳтироми анъанаҳои таърихиву фарҳангӣ ва мубориза ба падидаҳои номатлубу зиёдаравӣ сухан гуфт.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёву ходимони дини мамлакат ёдоварӣ намуда, доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ватандӯстӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан гуфт.






