Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо сокинон дар Исфара

27 март вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷабов Савридин ва гуруҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар маҳаллаҳои Себзор ва Боғдории деҳоти Кӯлканд бо сокинон мулоқот намуданд. 

Дар мулоқот аъзои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгаро ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, номзадшавии бармаҳал, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллӣ зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, одоби муошират, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан карданд.

Мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон бо сокинон дар ноҳияи Ашт

27 март вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт бо сокинон мулоқот намуд. 

Дар вохӯрӣ аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин ёдоварӣ карда шуда, ба сокинон нуктаҳои муҳимтарини он шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Таъкид гардид, ки сокинон бояд қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро риоя намуда, ба танзими анъана ва ҷашну маросим, тарбияи наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намоянд. 

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинони маҳаллаҳои Мевағул, Тиллокон ва Темурмалики шаҳри Хуҷанд

Дар толори Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода бо сокинони маҳаллаҳои Мевағул, Тиллокон ва Темурмалик баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки он тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуда истодааст.

Зикр гардид, ки ҳадафи мулоқоти мазкур шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки чанд рӯз қабл дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе сурат гирифт, мебошад.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш