
12 апрел дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми байналмилалии сайёҳии "Суғд чорроҳаи бузурги Шоҳроҳи Абрешим” баргузор гардид.
Дар кори Форум муовини Раиси вилоят Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Рустам Холматиён, муовинони раисони вилоятҳои Фарғона ва Намангони Ҷумҳурии Узбекистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва тарабхонаҳо аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия иштрок доштанд.
Форуми мазкур бо мақсади муҳокимаи омилҳои асосӣ барои рушди хизматрасонӣ дар субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, ҷалби мизоҷон, менеҷмент ва идоракунӣ, мубодилаи таҷриба бо мутахассисони соҳа дар Осиёи Марказӣ ва Русия ва таҳияи барномаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани самаранокии корпоративӣ баргузор карда шуд.



Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанд клиникаи оилавии 1+1 бо фарогирии беҳтарин шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мавриди баҳрабардории умум қарор дода шуд.
11 апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Қалъаи Хуҷанд”-ро баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
