
Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара 4 март вохӯрии гуруҳи тарғиботӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 ва волидони онҳо баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина, сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара Исозода Набиҷон, сардори раёсати маорифи шаҳр Атохонзода Ҳакима ва мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Асламӣ Фараҳноз нуктаҳои муҳимтарини Паёми Сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ дода, аз хонандагон даъват намуданд, ки бо баҳои аъло таҳсил карда, дар оянда соҳиби касбу ҳунар гарданд.






