
13 марти соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии √5- уми деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен мулоқоти масъулин бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо баргузор шуд.
Дар мулоқот, ки бо иштироки муовини раиси ноҳия ва масъулини шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оила, гуруҳи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия доир гардид, нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Ҳамзамон, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон, адои хизмати Ватан, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, таҳсил намудан бо баҳои аъло, соҳиби касбу ҳунар гардидани наврасон ва ҷавонон фикру мулоҳизаҳо баён карда шуд.






