Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, ин иншооти муҳташами таърихиро, ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар даромадгоҳи қалъа Пешвои созандаю бунёдкор ва ободгару ваҳдатовари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд ва аҳли илму фарҳанги вилоят бо самимияту эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.

Тадбирҳои марбут ба эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд дар ҷойи таърихии ин мероси гаронбаҳои бостонии халқи тоҷик бо ибтикору ҳидояти бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 6 сол бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” -ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази вилояти Суғд дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии комуналии “Идораи сохтмони асосӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар давоми як сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.

Кӯдакистон аз як бинои сеошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар масоҳати умумии 3 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Шароити муҳаёгардида дар маркази мазкур имконият медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 200 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 2400 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш