Ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор шуд

17 апрел дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯро раиси Шӯро, муовини раиси Шӯро, котиб ва аъзоёни Шӯро, кормандону мураббиёни мактаби варзишии вилоят, омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ ва як қатор варзишгарон иштирок доштанд.

Ҷаласаро муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ифтитоҳ намуда, доир ба рўзномаи ҷаласа  маълумот дод.

Зикр карда шуд, ки Шӯро бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсату шуъбаҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шудааст. Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш зери назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.

Таҳти унвони «Роҳу усулҳои муосири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» семинар доир шуд

17 апрели соли 2024 бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 «Дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533 бо ташаббуси Раёсати адлияи вилояти Суғд якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилоят семинари машваратӣ таҳти унвони «Роҳу усулҳои муосири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» баргузор гардид.

Дар семинар муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ, кормандони дастгоҳи Раёсати адлия, раиси Шӯрои уламои дини вилоят, сардори Раёсати маорифи вилоят, устодони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо (сарпарасти соҳаи идеологӣ), сармутахассис-ҳуқуқшиносони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаи кор бо занон ва оила, ҷавонон, дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Аз хизматҳои устод Садриддин Айнӣ ёдоварӣ шуд

Бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Айнӣ чорабинии идона доир гардид. 

Нахуст аз ҷониби роҳбарияти ноҳия дар назди муҷассамаи устод Айнӣ дастагули муаттар гузошта шуд. 

Дар чорабинӣ қайд гардид, ки хидмати ҷоннисорона ва миллатдӯстонае, ки устод Садриддин Айнӣ барои нигоҳ доштан ва ривоҷи забону адабиёт, таърихи фарҳангамон ва умуман тарбияи таърихнигорон, рӯзноманигорон, шоирону нависандагон ва арбобони давлати ҷавони тоҷик кардааст, қобили ҳама гуна қадршиносӣ аст.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш