“Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ”

22 августи соли 2024 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар асоси банди 14-и Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, бо фаъолон ва сокинони шаҳри Гулистон дар мавзуи “Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ” мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, муовини якуми Раиси Шурои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Боздиди раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск аз вилояти Суғд

Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода бо раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Россия, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард, мулоқот намуд. 

Дар мулоқот муовини Раиси вилоят аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба ҳамкориҳои вилоят бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, рушди ҳунармандӣ ва имкониятҳои сайёҳии вилоят ибрози ақида намуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳои минбадаи вилояти Суғд бо вилояти Свердловск, алалхусус дар самти ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилояти Свердловск фаолият доранд ва оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ ибрози ақида намуданд.

Дар Истаравшан дар соли нави таҳсил синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешавад

Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Аз ҷумла, дар амалисозии бандҳои алоҳидаи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ назаррас мебошад.

Махсусан, ба таври ҳашари умумӣ ва дастгирии молиявии саховатмандону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд намудани иншооти соҳаи иҷтимоӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ин самт бунёду азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф иҷрои корҳо назаррас мебошанд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш