Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд” ташриф оварда, бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулот дар ин корхонаи маъруф шинос гардид.

Раиси вилоят аснои боздид роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд”-ро бо 25-умин солгарди таъсисёбии ширкат табрик гуфта, қайд намуд, ки бо роҳбариии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон соҳаи саноат рушд карда, сатҳи зиндагии мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд беҳтар гардида истодааст.

Тазаккур дода шуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мунтазам зиёд гардида, соҳибкорӣ рушд кард ва дар ин замина садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуданд, ки ин ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбат расонид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт.

Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон бо таҷрибаи Кореяи ҷанубӣ дар самти рушди деҳот шинос шуданд

20 нафар кормандони ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла 4 нафар намояндагони вилояти Суғд дар курси омӯзишӣ вобаста ба мавзуи «Даври омӯзишии Семаул барои хизматчиёни давлатии Тоҷикистон», ки рӯзҳои 4-14 ноябр дар Кореяи ҷанубӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.

Курси омӯзишӣ тибқи шартномаҳои дуҷонибаи давлатӣ  бо корбарии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дастгирии ташкилоти «Маркази кореягии Семаул Ундонг» ҷараён гирифта, мавзуи асосии он масъалаҳои рушди деҳот ва омӯзиши таҷрибаи Кореяи ҷанубӣ дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии деҳот мебошад.

Исматҷон Ҷумъаев, сармутахассиси шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ва яке аз иштирокдорони ин сафар изҳор дошт, ки фонди Семаул ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, ҳадафи таъсиси он пешбурди соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ аст ва шунавандагони курси омӯзишӣ аз таҷрибаи ин давлати пешрафта дар рушди деҳот огоҳ гардиданд.

Шиносоии Раиси вилоят бо бунёд ва азнавсозии корхонаҳои саноатӣ дар Хуҷанд

19 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти бунёд ва азнавсозии як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.

Зимни шиносоӣ бо васлу насби таҷҳизоти муосир дар ҶДММ «Суғдтекстайлз»​ (собиқ корхонаи​ «Кобул-Тоҷик-Текстайлз») қайд карда шуд, ки корхонаи мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён шуда буд, азнав фаъол карда хоҳад шуд.​

Корхонаи азими саноатӣ, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон​ азнавсозӣ мешавад, бо таҷҳизоту технологияи олмонӣ муҷаҳҳаз карда шуда, коргоҳҳои ресандагиву бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангубори матоъ таъсис дода мешавад ва то 3500 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Муассисон тасмим доранд, ки коркарди пурраи пахта то маҳсулоти ниҳоиро ба роҳ монанд.​

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш