Боздиди раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск аз вилояти Суғд

Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода бо раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Россия, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард, мулоқот намуд. 

Дар мулоқот муовини Раиси вилоят аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба ҳамкориҳои вилоят бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, рушди ҳунармандӣ ва имкониятҳои сайёҳии вилоят ибрози ақида намуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳои минбадаи вилояти Суғд бо вилояти Свердловск, алалхусус дар самти ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилояти Свердловск фаолият доранд ва оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ ибрози ақида намуданд.

Дар Истаравшан дар соли нави таҳсил синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешавад

Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Аз ҷумла, дар амалисозии бандҳои алоҳидаи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ назаррас мебошад.

Махсусан, ба таври ҳашари умумӣ ва дастгирии молиявии саховатмандону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд намудани иншооти соҳаи иҷтимоӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ин самт бунёду азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф иҷрои корҳо назаррас мебошанд.

Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар Истаравшан идома дорад

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оид ба таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди шаҳру деҳот корҳои ободонӣ бомаром идома доранд.

Дар ин раванд 21 августи соли ҷорӣ дар болои сойи “Зарринруд” боз як пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд.

Пули мазкур бо харҷи беш аз 130,000 сомонӣ бо дастгирии сокинони деҳаи Вогати деҳоти “Сабристон” бунёд гардида, дар он саҳми оилаҳое, ки нияти сафари ҳаҷҷи такрорӣ доштанд, низ назаррас аст, яъне маблағҳои бо нияти зиёрати ҳаҷ ҷамъоварӣ кардаашонро дар бунёди пул ва мумфаршкунии роҳҳои деҳа харҷ кардаанд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш