
5 сентябри соли ҷорӣ дар доираи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли нави хониш бо иштироки роҳбари гуруҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода дар деҳаи Куҳандижи деҳоти “Зарҳалол” бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои мазкур аз 10 синфхона, хонаи омузгорон, утоқи корӣ ва китобхона бо толори хониш иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар бинои нави таълимӣ ҳамаи шароит, аз ҷумла бо назардошти кабинетҳои фаннӣ барои таҳсил муҳайё карда шудааст.






