
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон ҷамъомад баргузор гардид.
Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сохтмончиёнро бо иди касбиашон табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки соҳаи сохтмон ва меъморӣ яке аз соҳаҳои пешрафтаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба шумор рафта, барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Имрӯзҳо сохтмончиён ва меъморони вилоят дар қатори тамоми сокинони вилоят фаъолияти пурсамар дошта, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнат намуда истодаанд.






