Бо ибтикори мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ майдони байни микроноҳияҳои 8-12-и шаҳр ба гулгашт табдил дода мешавад.
Субҳи рӯзи 5 январ бо ин мақсад зиёда аз 300 бех ниҳолҳои ҳамешасабз аз ҷониби кормандони Муассисаи гулпарварӣ ва кабудизкоркунии шаҳри Хуҷанд мутобиқ ба талаботи агротехникӣ шинонида шуданд.
Дар ояндаи наздик бо мақсади фароғату истироҳати шаҳрвандон ин мавзеъ боз ҳам ободу зебо гардонида шуда, дар ҳудуди он роҳҳои пиёдагард, чароғпояҳо, нишастгоҳҳо ташкил карда мешавад.