
27 августи солӣ ҷорӣ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби навбунёд мавриди истифода қарор дода шуд.
Муассисаи таълимӣ 66 рақамгузорӣ шуда, бо харҷи 5 миллион сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша ва сокинони деҳа сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Ин иқдом мушкилии сокинони деҳаро осон намуд. Зеро 240 нафар хонандагони деҳаи Файзобод дар муассисаи таълимии рақами 48-и деҳаи Арғуи шаҳри Истаравшан таҳсил мекарданд, ки он аз деҳа дар масофаи 3 километр дуртар ҷойгир буд.
Бо бунёд гардидани мактаби нав мушкилиҳо бартараф гардид. Муассиса дорои 8 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ мебошад.






