Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинг барои ишғоли мансабҳои зерин озмун эълон менамояд

Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатии вилоят барои ишғоли мансабҳои зерин озмун эълон менамояд:

Сармутахассиси шуъбаи сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ 1 ҷой маоши мансабӣ – 1995 сомонӣ 20 дирам

Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ 1 ҷой маоши мансабӣ – 1635 сомонӣ 60 дирам

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва мониторинг 1 ҷой маоши мансабӣ – 1635 сомонӣ 60 дирам

Барои иштирок дар озмун  

Ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

Дар шаҳраки Адрасмон майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишии футбол ба истифода дода шуд

Дар маросими баистифодадиҳии иншооти мазкур раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар таваҷҷуҳи хоса равона гардидааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои он беш аз 135 иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намудаанд. 

Дар ноҳияи Деваштич мактаби нав ба истифода дода шуд

27 августи солӣ ҷорӣ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби навбунёд мавриди истифода қарор дода шуд.

Муассисаи таълимӣ 66 рақамгузорӣ шуда, бо харҷи 5 миллион сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша ва сокинони деҳа сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Ин иқдом мушкилии сокинони деҳаро осон намуд. Зеро 240 нафар хонандагони деҳаи Файзобод дар муассисаи таълимии рақами 48-и деҳаи Арғуи шаҳри Истаравшан таҳсил мекарданд, ки он аз деҳа дар масофаи 3 километр дуртар ҷойгир буд.

Бо бунёд гардидани мактаби нав мушкилиҳо бартараф гардид. Муассиса дорои 8 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ мебошад. 

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш