Панҷакент. Синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд

Хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 89-и деҳаи Оби борик ва № 28-и деҳаи Сори Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент соли нави таҳсилро дар синфхонаҳои нави барҳаво истиқбол мегиранд.

Дар назди муассисаҳои таълимии зикршуда бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ташаббусу саҳмгузории волидон ва омӯзгорон барои хонандагони зинаи аввал 4 ададӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар синфхонаҳои нави таълимӣ хонандагоне, ки имсол ба синфи як мераванд, барои мутобиқшавӣ ба  дарс ба машғулиятҳо ҷалб карда шудаанд.

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар Истаравшан

30 августи соли равон дар назди Гимназияи №3-и деҳаи Қалъачаи Бакавули шаҳри Истаравшан бинои иловагии таълимӣ бо 240 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои мазкур барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шуда, бо дастгирии кумитаи падару модарон, соҳибкорони маҳаллӣ ва суратҳисоби махсуси муассисаи таълимӣ бо харҷи беш аз 800 ҳазор сомонӣ ва шароити ба талабот ҷавобгӯ бунёд гардидааст.

Зимни суҳбат бо сокинон миннатдории роҳбарияти шаҳр барои татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф баён карда шуд.

Ҳисобот дар бораи натиҷаи иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2024

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024-ум нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят ба 16 млрд. 217,5 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2 дарсад баробар гардида, саҳми он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 26,3 дарсадро ташкил додааст.

Афзоиши нишондиҳандаи мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,1 дарсад, кишоварзӣ 13,1 дарсад, гардиши савдои чакана 9,6 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ 3,5 дарсад ва ғайра таъмин гардид.

Дар натиҷаи чораю тадбирҳои андешида ва дар заминаи рушди иқтисодиёти вилоят, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар нимсолаи якуми соли 2024-ум ба андозаи 103,6 дарсад таъмин ва ба буҷети давлатӣ 2 млрд. 707,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Воридоти маблағ нисбат ба нақшаи таҳрезишуда 93,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли қаблӣ 293,4 млн. сомонӣ ё 12,2 дарсад зиёд мебошад.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш