Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва протоколи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд -1 ҷой
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои гуманитарӣ бартарӣ дода мешаванд), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва протоколи дастгоҳи Раиси вилоятро ба танзим медароранд;






