Аз 27 то 29 август бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров сарбозони ятими кулл аз ҳисоби қисмҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба саёҳат баромаданд.
Дар доираи баргузории ҳамоиш суҳбату мулоқот, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва саёҳат ба мавзеъҳои таърихӣ ташкил гардид.
Ҳадафи барномаю саёҳат аз баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, шиносоии хизматчиёни ҳарбӣ бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва қадршиносии сарбозоне, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат менамоянд, иборат буд.
Дар суҳбат бо сарбозон намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иброз доштанд, ки ин иқдом дар ҳошияи ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардид. Пешвои миллат ба насли ояндасози мамлакат умеду боварӣ доранд ва аз ҷумла, зимни яке аз суханрониҳо иброз намуданд, ки «мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».



28 августи соли 2024 бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон дар доираи барномаи баргузории чорабиниҳо оид ба ташкил намудани сайру саёҳат ва истироҳату фароғати сарбозони ятими кулли қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд, ки аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тамошои филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” ва конфренсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Артиш - ҳамқадами Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 89-и деҳаи Оби борик ва № 28-и деҳаи Сори Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент соли нави таҳсилро дар синфхонаҳои нави барҳаво истиқбол мегиранд.
