
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбанд.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии Дашти Дилварзин дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ба нақша гирифта шудааст.
Бинои истиқоматӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, он аз 9 ошёна ва 108 манзил, аз ҷумла 36 манзили якҳуҷрагӣ, 54 манзили дуҳуҷрагӣ ва 18 манзили сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.






