
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оид ба таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди шаҳру деҳот корҳои ободонӣ бомаром идома доранд.
Дар ин раванд 21 августи соли ҷорӣ дар болои сойи “Зарринруд” боз як пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд.
Пули мазкур бо харҷи беш аз 130,000 сомонӣ бо дастгирии сокинони деҳаи Вогати деҳоти “Сабристон” бунёд гардида, дар он саҳми оилаҳое, ки нияти сафари ҳаҷҷи такрорӣ доштанд, низ назаррас аст, яъне маблағҳои бо нияти зиёрати ҳаҷ ҷамъоварӣ кардаашонро дар бунёди пул ва мумфаршкунии роҳҳои деҳа харҷ кардаанд.




16 августи соли ҷорӣ дар МДТ "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон"-и вилояти Суғд даври сеюми (вилоятӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи шаш номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср оғоз гардид.
